Рӯйхати донишгоҳҳое, ки Ӯзбекистон дипломашонро эътироф мекунад. Донишгоҳҳои Тоҷикистон нестанд

Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ (нострификатсия) эътироф карда мешавад. Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо чанд донишгоҳи Русияву Қазоқистон ва бархе донишгоҳҳои кишварҳои соҳили Балтик вориди ин рӯйхат шудаанду халос. Ин ниҳод ҳамасола ин […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ (нострификатсия) эътироф карда мешавад.

Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо чанд донишгоҳи Русияву Қазоқистон ва бархе донишгоҳҳои кишварҳои соҳили Балтик вориди ин рӯйхат шудаанду халос.

Ин ниҳод ҳамасола ин рӯйхатро барои ҳар сол нашр мекунад. Рӯйхати навшуда барои соли 2022 донишгоҳҳоеро дар бар мегирад, ки дар қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки тобистони соли 2020 низ Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистон ба сифати таълиму таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон баҳои паст дода, гуфта буданд, ки 16 донишгоҳи ин ду кишвар ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон ҷавобгў нестанд.

Муаллифони санад ба ҳамватанони худ тавсия дода буданд, ки дар кишварҳое маълумот гиранд, ки дар раддабандиҳои бонуфузи сифати таҳсил мавқеъҳоишоиста доранд.

Баъди ин изҳорот, донишҷӯёни зиёди ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд, гурӯҳ- гурӯҳ ба Ӯзбекистон баргаштанд то таҳсилро дар кишвари худ идома диҳанд.

Дар гузориши ин ниҳод таъкид мешуд, ки мактабҳои олии Тоҷикистон ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил намешаванд.

Он замони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфтаҳои Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистонро як таҳқиқоти бесалоҳият ва нохолисона арзёбӣ карда, гуфта буд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бадтар нестанд.

Имомзода афзуда буд, ки ҳисобот “рақобати носолим” аст, то ки донишҷўён аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои таҳсил наоянд.

Ӯ гуфта буд, ба Вазорати маорифи Ӯзбекистон нома равон карда, зимни он изҳор доштаанд, ки ин таҳлил асос надорад. Вале тавре дида мешавад, вазъ тағйир нахурдааст ва то ба ҳол Тоҷикистон ба рӯихати донишгоҳоои тавсиявии ин кишвар, ки бидуни баробарарзишӣ дипломи он эътироф шавад, шомил нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) – и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.

Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.