Дар роҳи Панҷакент-Саразм велосипедрон зери чархи мошин ҳалок шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Панҷакент-Саразм дар вилояти Суғд рӯзи 18 феврал сокини шаҳри Панҷакент Матлаб Бозорови 56-сола бо дучархааш (велосипед) зери чархи мошин монда ҳалок шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, вобаста ба ин қазия ронандаи автомашинаи Opel-Astra сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент Рамазон Ҷумақов боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, ронанда ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархаронро пахш кардааст, ки  дар натиҷа Бозоров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти матбуотии ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 зикр гардида буд, ки дар соли гузашта 1 ҳазору 102 ҳолати садамаи нақлиёт (соли 2020 – 1109 ҳодиса) сабт шуда буд, ки бар асари он 395 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 218 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...