Неругоҳи ҳастаии Чернобил аз сӯйи низомиёни рус тасарруф шудааст

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Низомиёни Русия 24 феврал нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро дар шаҳри Припяти Укроин тасарруф карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба сарвазири Укроин Денис Шмигал иттилоъ додааст.

"Майдони Чернобелро баъди задухӯрди шадид аз даст додем. Вазъи неругоҳ номуайян аст. Баъди ҳамлаи комилан бемаънои русҳо наметавон гуфт, ки неругоҳ дар амн аст. Он имрӯз яке аз таҳдиҳои ҷиддӣ ба Аврупо шумурда мешавад", – илова кард мушовири дастгоҳи президенти Укроин Михаил Подоляк.

Ҳамчунин бино ба иттилои BBC, хабари тасарруфи неругоҳи ҳастаии Чернобилро мушовири раиси дафтари раисҷумҳур Михаил Подоляк ба бархе расонаҳо таъйид кардааст.

Пештар президенти Укроин хабар дода буд, ки низомиёни рус талош доранд, то нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро тасарруф кунанд.

"Ҳимоятгарони мо ҷони худро медиҳанд, то ҳодисаи соли 1986 такрор нашавад. Ман дар ин бора ба президенти Шветсия хабар додам. Ин ҷанг бар зидди тамоми Аврупо аст", – навишт Зеленский.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...