Пешниҳоди оҳангсоз: Суруди миллиро бояд тағйир диҳему шеъри Лоиқ ё Низом Қосимро интихоб кунем

Холаҳмади Маҷид, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва оҳангсози маъруф бо нашри як мақола, хостори тағйир додани Суруди миллии Тоҷикистон шудааст. Ӯ гуфтааст, ки сатҳи паст ва номувофиқатии оҳанг ба руҳияи миллии мо далели аслӣ барои тағйир додани суруди миллӣ аст. Ин мақола дар ҳафтаномаи "Фараж" нашр шудааст ва мулаллиф гуфтааст, ки борҳост ин мавзуъро матраҳ мекунад, […]

Asia-Plus

Холаҳмади Маҷид, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва оҳангсози маъруф бо нашри як мақола, хостори тағйир додани Суруди миллии Тоҷикистон шудааст. Ӯ гуфтааст, ки сатҳи паст ва номувофиқатии оҳанг ба руҳияи миллии мо далели аслӣ барои тағйир додани суруди миллӣ аст.

Ин мақола дар ҳафтаномаи "Фараж" нашр шудааст ва мулаллиф гуфтааст, ки борҳост ин мавзуъро матраҳ мекунад, вале таваҷҷуҳ ба ин пешниҳод хеле кам аст. Муаллиф гуфтааст, ки ин мушкилро бояд тезтар ҳал кард, зеро "рафъи саривақтии камбудӣ ба манфиати миллати мутмаддинамон мебошад".

Оҳангсоз иддао кардааст, ғаразаш аз ин пешниҳод танҳо манофеи миллаӣ аст, вагарна Суруди миллӣ агар дар ҳамин шакл бимонад ё тағйир ҳам дода шавад ба шахси муаллиф на зарар асту на фойида.

Холаҳмади Маҷид гуфтааст, ки  агар хомӯш биншинад, "таърих мо – шахсони ҳирфавиро ҳеч гоҳ намебахшад". 

Оҳангсоз гуфтааст, ки аз рӯйи талаботи мусиқӣ  оҳанги аввали Суруди миллии мо чунин тақтеъ мешавад: Ди-ёр-и ар-ҷман-ди мо, ки зарби оҳанг ба ин мисраъ ва тақтеъҳо мувофиқат намекардааст. 

Дар идома муаллиф ба тафсири навъҳои сурудҳои миллӣ дар дунё пардохта, гуфтааст, ки ду навъи он: матндор (купленный) ва сурудӣ (песенный) мавҷуд аст, ки Суруди миллии Тоҷикистон ба навъи суруди матндор дохил мешавад, вале ба далели аз се банди 35-сонияи иборат буданаш, ба талоботи муосири сурудҳои миллӣ дар дунё мутобиқат намекардааст. 

"Суруди миллии мо бояд на танҳо ифодагари руҳияу марому мақсади созандагӣ дар сохту дунёи нав бошад, балки  бо ин меъёр пазируфтаву талаботи давр мувофиқат букунад",-гуфтааст оҳангсоз.

Холаҳмади Маҷид гуфтааст, ки суруди миллӣ догма нест, ки натавонем онро тағйир диҳем.

"Бояд эътироф бикунем, ки Суруди миллии мо дар замоне пазируфта шуд, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ба Ваҳдати миллӣ нарасида будем. Дар қабули он мутахассисони ҳирфавӣ ширкат надоштанд. Вакилони мардумӣ ба як мутахассис, компазитори шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов, эътмод бастанду бовар намуданд. Барояш пазируфтани оҳанги пешини Гимн, ки муаллифаш Сулаймон Юдаков буд, беҳтар маҳсуб мешуд, чун бо ӯ дигар рӯ ба рӯ шуда наметавонист. Ҳамин тавр, оҳанги  Юдаков ва матни устод Гулназар Келдиро дар охир пазируфтанд",- далел пеш овардааст оҳангсоз.

Ҳунарпеша  гуфтааст, ки эродҳояшро дар замонаш ба муаллифи матн ҳам гуфта буд. Аз ҷумла ҳангоми ба тақтеъҳо ҷудо кардану пайвастани мисраи Барои нан-гу-номи (гу-номи) мо ҳиҷоҳо нохуб ба гӯш мерасад. Ба ҳамин далел дар иҷрои суруд ва матни он дар ҳар ҷо ва ҳар навиштае ду варианти ин мисраъ будааст, ки дар бархе вариантҳо – "барои ному наги мо" шудааст.

Ин оҳангсоз гуфтааст, ки қабули Суруди милли нав ҳеч мушкилие эҷод намекунад. 

"Ман бо тамоми масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун мутахассиси соҳа изҳор медорам, ки ин гуна сурудҳо вуҷуд доранд. Яъне, шарт нест, ки аз нав озмун эълон бинамоему маблағи зиёд сарф бикунем",-пешниҳод намудааст, Маҷид. 

Ба унвони намуна, Холаҳмади Маҷид матни Лоиқ Шералӣ "Мо-тоҷиконем" бо оҳанги Фаттоҳ Одинаев ва матни Низом Қосим – "Ҷаҳони тоҷикон" бо оҳанги Талабхӯҷа Сатторовро пешниҳод кардааст, ки ба таъкиди муаллим дар озмуни суруди миллӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданду вакилони мардумӣ се бор ба ҷонибдорияшон овоз дода будадаанд.

Муаллифи мақола дар фарҷоми пешниҳодаш гуфтааст, ки дар интихоби яке аз ин ду суруд, бигузор беҳтарину маъруфтарин композиторони ҷаҳонӣ, ки дар ин маврид ҳеҷ ғаразе дошта наметавонанд, даъват шаванд. 

"Ман ҳамчун мутахассис чунин мепиндорам, ки  агар ин корро, ин норасоиро мо рафъ насозем, ҳатман ояндагон рафъ менамоянд",-хулоса кардааст Холаҳмади Маҷид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.