Тими Укроин гуфтааст танҳо масъалаи ҳудуд намегузорад бо Русия ба созиш бирасанд

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Узви ҳайати Украина дар гуфтугӯҳо бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум" дар Радаи болоӣ Давид Арахамия гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст.

Арахамия ҳамчунин сарусадоҳо дар бораи онро ки гӯиё раҳбарияти Украина, аз ҷумла президент Владимир Зеленский аллакай кишварро тарк карда, дар Лаҳистон қарор дорад, шарҳ дод.

"Чанд рӯз пеш мо суҳбати ҷиддие доштем ва тасмим гирифтем, ки то охирин лаҳза дар Украина бимонем. Агар мо ҳалок шавем, рамзе хоҳем шуд ва боқии украиниҳо то охирин қатраи хуни худ мубориза хоҳанд бурд", – изҳор дошт раҳбари ҷиноҳи "Хидматгори мардум".

Президенти Русия Владимир Путин ҳам дар навбати худ дар суҳбат бо раҳбарони Фаронса ва Туркия гуфт, Украина барои қатъи задухурдҳои мусаллаҳона бояд ҳамаи шартҳои Москваро иҷро ва оташкушоиҳо зидди сарбозони русро қатъ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...