Ду зан аз Афғонистон барандаи ҷоизаи “Тағйироварандагон”-и Forbes шуданд

Date:

Ду зани сиёсатмадори Афғонистон барандаи ҷоизаи "Тағйироварандагон" ё "Changemaker Award"-и маҷаллаи бонуфузии амрикоии "Forbes" шудаанд. Ин ду зан яке вакили собиқи порлумони Афғонистон ва дигаре раиси шаҳри Майдон Вардак мебошанд.

Ноҳид Фарид вакили мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони давлати пешини Афғонистон ва Зарифа Ғафор, раиси шаҳри Майдон Вардак – маркази вилояти ҳамноми Афғонистон мебошанд.  Ин ҷоиза ба ин ду зани фаъоли Афғонистон дар маросими хосе дар шаҳрии Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тақдим шудааст.

Ин ду зан пас аз ғасби Кобул аз сӯйи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба хориҷ аз Афғонистон рафта буданд. Аммо  Зарифа Ғаффорӣ чанд рӯз пеш ба Кобул баргашт ва ин баргашти ӯ дар расонаҳо хабарсоз шуд. 

Ғаффорӣ ба расонаҳо гуфт, ки дигар ба фаъолиятҳои сиёсӣ намепардозад ва ба роҳҳои ғайрисиёсӣ ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунад.

Ин ҷоиза, рӯзи 8 март ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии зан дар доираи барномаи 30/50 дар ҳузури бонувони 37 кишвари ҷаҳон тақдим шудааст. Дар ин барнома Ҳилари Клинтон, вазири пешинаи корҳои хориҷии Амрико низ ба гунаи онлайн ширкат кардааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғаффорӣ ва Фарид пас аз дарёфти ҷоиза

Ноҳид Фарид дар суханронияш дар ин маросим гуфтааст, ки занон дар ҳукумати "Толибон" бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, зеро ин гуруҳ занону духтарони Афғонистонро за дарсу кор маҳрум кардаанд. 

Ноҳид Фарид аз ширкаткунандагони нишаст хостааст, ки ба кишварҳояшон тавсия диҳанд, ки ҳукуати "Толибон"-ро ба расмият нашиносанд.

Масъулони "Forbes" гуфтаанд, ки ин ҷоизаро ба ин зани Афғонистон барои талошҳои хастагинопазирашон  барои рафъи монеаҳо дар муқобили занони афғон ҳадя кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...