Эмомалӣ Раҳмон ба Миср расид. Ҷузъиёти сафар ҳанӯз маълум нест

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи ҳукумати кишвар барои анҷоми сафари расмӣ ба Миср рафтааст. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони ҳукумати ин кишвар истиқбол намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар бораи ҷузъиёти бештари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Миср хабар дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср моҳи апрели 1993 барқарор гардида, ин кишвар истиқлолияти Тоҷикистонро 1 январи 1992 ба расмият шинохт.

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо президенти он вақтаи Миср Ҳуснӣ Муборак моҳи декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин гирдиҳамоии Сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ  дар Дорулбайзо мулоқот  намуда буд.

Ҳамин тариқ, 4 феврали 2007 президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Миср рафт ва роҳбарони ду давлат панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд.

Гуфта мешавад, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Мисрро 9 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, ки дар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилон ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 ба 773,4 ҳазор доллар баробар шуда, дар муқойиса бо соли 2020 гардиши мол миёни кишварҳо 25,5% афзоиш ёфтааст. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755,4 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...