Тоҷикони фирорӣ аз Укроин тавассути Лаҳистон ба ватан оварда шуданд

Нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз ҳамали Русия ба Укроин аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурда буданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин шаҳрвандони кишварро як ширкати ҳавопаймоии лаҳистонӣ «Enter Air» субҳи имрӯз бо як хатсайри вижа аз Варшава ба Душанбе овард Дар ин парвози вижа 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз ҳамали Русия ба Укроин аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурда буданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин шаҳрвандони кишварро як ширкати ҳавопаймоии лаҳистонӣ «Enter Air» субҳи имрӯз бо як хатсайри вижа аз Варшава ба Душанбе овард

Дар ин парвози вижа 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон ва пиронсолон низ буданд, ройгон ба ватан оварда шуданд.

Додохон Қурбонов, чор моҳ пеш барои истироҳат ба назди фарзандонаш, ки дар Укроин кору зиндагӣ мекарданд рафта буд. Ӯ мегӯяд то оғози муноқишаҳо вазъият тинҷу ором буд. Аммо баъди оғози ҷанг маҷбур шуданд ба истиснои як писару наберааш, дигар тамоми оила аввал ба Лаҳистон паноҳ баранд ва баъдан ба ватан баргарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.