Ба Тоҷикистон миқдори навбатии ваксинаи Pfizer оварда шуд

Рӯзи 3 апрел ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси “Pfizer-BioNTech” оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 вояи ин навъи ваксина ворид гардид. “Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот […]

Рӯзи 3 апрел ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси “Pfizer-BioNTech” оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 вояи ин навъи ваксина ворид гардид.

“Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксинзании аҳолӣ аз сирояти коронавирус идома дорад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд.

Тибқи маълумоти сомонаи covidtj,  ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.

Аз оғози пандемия тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 17 феврал шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон – 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муовимат бо коронавируси ҷумҳурӣ аз 7 март, ниқобпӯшии ҳатмӣ бекор карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.