Раиси собиқи кумитаи амнияти Қирғизистон. Аз боздошт ба ҳабси хонагӣ

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Абдил Сегизбоевро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек хабар дод, ки Сегизбоев дар "Сӯистифода аз мансаб" айбдор ва 4 млн сом ҷарима шуд. Вай то замони пардохти ҷарима дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд. Вакилони мудофеи Сегизбоев охири моҳи март гуфтанд, […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Абдил Сегизбоевро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек хабар дод, ки Сегизбоев дар "Сӯистифода аз мансаб" айбдор ва 4 млн сом ҷарима шуд. Вай то замони пардохти ҷарима дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд.

Вакилони мудофеи Сегизбоев охири моҳи март гуфтанд, ки вай ба бемории саратон гирифтор шудааст ва ба ин далел, аз додгоҳ хоста буданд, ки ҳабси Сегизбоев бозбинӣ шавад.

Абдил Сегизбоев 25 январи соли 2021 боздошт шуда буд. Дар ибтидо нисбати вай 6 парванда боз карда буданд.

Сегизбоев ва наздиконаш ҳамаи айбҳоро рад ва онҳоро "қассосгирии сиёсӣ" унвон карданд. Дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 вай яке аз номзадҳо буд ва 1,46 дарсад раъй гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.