Қазоқистон аз 11 апрел маҳдудиятҳои гузаштани марзро бо кишварҳои ҳамсоя бекор мекунад

Asia-Plus

Аз 11 апрел Қазоқистон маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ин кишвар.

“Бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади давлатии Қазоқистон тариқи роҳи ҳавоӣ аз байн бардошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 бо методи ПСР ё ҳуҷҷат/шиноснома дар бораи пурра гузаштан аз давраи ваксингирӣ, ваксинзании дубора зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиён боқӣ мемонад, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар қаламрави Қазоқистон доранд ва барои хориҷиён бо эътирофи мутақобилаи шинсономаҳои ваксинзанӣ.

Қобили зикр аст, ки Русия аз 30 март маҳдудиятҳои ҷоришуда дар давраи пандемияро барои гузаштани сарҳади заминӣ бо Қазоқистон бекор кард. Ӯзбекистон низ 16 март ба ҳамин монанд қарор қабул кард. Дирӯз президенти Қирғизистон Садир Жапаров аз ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Токаев дархост намуд, ки сарҳади заминиро барои қирғизистониҳо боз кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...