Қазоқистон аз 11 апрел маҳдудиятҳои гузаштани марзро бо кишварҳои ҳамсоя бекор мекунад

Аз 11 апрел Қазоқистон маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ин кишвар. “Бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон […]

Аз 11 апрел Қазоқистон маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ин кишвар.

“Бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади давлатии Қазоқистон тариқи роҳи ҳавоӣ аз байн бардошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 бо методи ПСР ё ҳуҷҷат/шиноснома дар бораи пурра гузаштан аз давраи ваксингирӣ, ваксинзании дубора зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиён боқӣ мемонад, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар қаламрави Қазоқистон доранд ва барои хориҷиён бо эътирофи мутақобилаи шинсономаҳои ваксинзанӣ.

Қобили зикр аст, ки Русия аз 30 март маҳдудиятҳои ҷоришуда дар давраи пандемияро барои гузаштани сарҳади заминӣ бо Қазоқистон бекор кард. Ӯзбекистон низ 16 март ба ҳамин монанд қарор қабул кард. Дирӯз президенти Қирғизистон Садир Жапаров аз ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Токаев дархост намуд, ки сарҳади заминиро барои қирғизистониҳо боз кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.