БОР коҳиши назарраси интиқоли пул ба Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кори  тоҷик дар соли 2022 бо доллар ба андозаи 50% коҳиш меёбад, пешгӯӣ мекунанд таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР). Муаллифони гузориши “Шарҳи рушди Осиё 2022”, ки нашрияи бонуфузи солонаи БОР мебошад, пешгӯии худро бо таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Русия ва мутаносибан кам шудани ҷойҳои корӣ дар пайи он асоснок мекунанд, […]

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кори  тоҷик дар соли 2022 бо доллар ба андозаи 50% коҳиш меёбад, пешгӯӣ мекунанд таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР).

Муаллифони гузориши “Шарҳи рушди Осиё 2022”, ки нашрияи бонуфузи солонаи БОР мебошад, пешгӯии худро бо таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Русия ва мутаносибан кам шудани ҷойҳои корӣ дар пайи он асоснок мекунанд, ки аксарияти муҳоҷиронро ба бозгашт ба ватан водор месозад.

Ҳамчунин иқтисодчиёни БОР аз беқурбшавии рубл интизорӣ доранд, ки он ба коҳиши ҳаҷми интиқоли пул бо доллар боис мегардад.

Гуфта мешавад, коҳиши интиқоли маблағ ба он оварда мерасонад, ки истеъмол дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам мешавад.

“Агар талабот ба кори муҳоҷирон ба мисли пешина барқарор шавад, ҳаҷми интиқоли пул низ дар соли 2023 ба миқдори 10% барқарор шуда метавонад”, – гуфта мешавад дар хулосаи Гузориш.

Қаблан таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ коҳиши интиқоли маблағро ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар сатҳи 22% пешгӯӣ карда буданд. Онҳо пешгӯиҳои худро ба “поинравии фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия ва пастшавии қурби рубл нисбати доллар” марбут дониста буданд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст  ва 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар бораи ҳаҷми умумии интиқоли маблағ (бо назардошти ҳамаи кишварҳо) маълумот намедиҳанд. То ин дам интиқоли пул аз дигар кишварҳо маъмулан на зиёдтар аз 10% аз ҳаҷми умумиро ташкил медод.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Маблағои фиристодаи шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта ба 20,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.