Дар Қирғизистон парвандаҳое, ки баъди даргирии марзии апрели соли 2021 боз шудаанд, мутаваққиф гардидаанд

Тафтиши парвандаҳое, ки баъди низои марзии баҳори соли 2021 дар Қирғизистон боз шуда буданд, ба поён расида, аммо дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст. Дар ин бора додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев рӯзи 6 апрел хабар дод. "Баъди низои соли гузашта парванда боз шуд, ҳаҷми зарар муайян гардид. Айбдоршавандаҳо – шаҳрвандони кишвари дигар […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Тафтиши парвандаҳое, ки баъди низои марзии баҳори соли 2021 дар Қирғизистон боз шуда буданд, ба поён расида, аммо дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст.

Дар ин бора додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев рӯзи 6 апрел хабар дод.

"Баъди низои соли гузашта парванда боз шуд, ҳаҷми зарар муайян гардид. Айбдоршавандаҳо – шаҳрвандони кишвари дигар ҳастанд. Тафтиш ба поён расид, аммо парвандаҳо мутаваққиф шудаанд, зеро дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст", – гуфт Зулушев.

Вай ҳамчунин гуфт, ки "ҷониби Тоҷикистон зарари расидаро ҷуброн накардааст".

Моҳи декабри соли 2021 додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро ба 20-солии зиндон маҳкум кард. Ҳар дуи онҳо дар "Ҷинояти зидди сулҳ" ва "Ғоратгарӣ" айбдор шуданд. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд, ки баъди низои баҳори соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушода шуда буданд.

Дар натиҷаи низоъи рӯзҳои 28-30 апрел, 189 шаҳрванди Қирғизистон зиён дида, 36 кас фавтид. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта шуда, 87 каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳар ду ҷониб дар сар задани низоъи марзӣ ҳамдигарро айбдор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.