Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз 40 дарсад иҷро шудааст

Дар 10 рӯз нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. То кунун танҳо ВМКБ нақшаро дар рӯзи аввали даъват беш аз сад дар сад иҷро кардааст. Манбаъ менависад, ки дар ин давра вилояти Хатлон 40 дарсади нақшаро иҷро кардааст. Ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар 10 рӯз нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. То кунун танҳо ВМКБ нақшаро дар рӯзи аввали даъват беш аз сад дар сад иҷро кардааст.

Манбаъ менависад, ки дар ин давра вилояти Хатлон 40 дарсади нақшаро иҷро кардааст. Ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор аллакай нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

– Вилояти Суғд 27 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 47,3  дарсад (ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро сад дарсад иҷро кардаанд) ва шаҳри Душанбе 42 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардаанд,- хабар медиҳад Вазорати дифоъи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ, ВМКБ нақшаи даъвати ҳарбиро сад дарсад иҷро намуда буд.

Иҷрои то 40 дарсади нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир навори боздошти ҷавонон дар кӯчаву бозор ва фурудгоҳҳо пахш мешавад, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш аст.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, бо оғози даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо пора озод намудани даъватшавандаҳо аз хизмати ҳарбӣ бештар мешавад. Аз ҷумла, дар рӯзи чоруми даъвати баҳории имсол, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як мансабдори баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо талаби 25 ҳазор сомонӣ барои ғайри қобили хидмат донистани даъватшаванда гумонбар мешавад.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.