ФФТ ба дастаҳои Лигаи олӣ сарулибос тақдим намуд

Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар сару либоси варзишӣ ҳадя кард. Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар сарулибос рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар як даста ба назар гирифта шуданд. Гуфта мешавад, маҷмӯаи ҳар як тим аз ду навъи либос барои дастаҳои […]

Asia-Plus

Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар сару либоси варзишӣ ҳадя кард.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар сарулибос рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар як даста ба назар гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, маҷмӯаи ҳар як тим аз ду навъи либос барои дастаҳои асосӣ ва ҷавонон, инчунин намудҳои мухталифи танпӯшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопӯшҳо, пойафзол, сумкаҳои варзишӣ ва ғайра иборат аст.

Зикр мегардад, ки тамоми лавозимоти варзиширо ширкати испании «Joma» истеҳсол кардааст. Илова бар ин, ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.