Ҷамшед Муртазозода: раиси Комиссияи порлумон ва Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон 50-сола шуд

Ҷамшед Муртазозода раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон имрӯз, 4-уми май ба сини 50-солагӣ расид. Муртазозода яке аз мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Муртазозода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон мебошад. […]

Asia-Plus

Ҷамшед Муртазозода раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон имрӯз, 4-уми май ба сини 50-солагӣ расид. Муртазозода яке аз мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Муртазозода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ факултети ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва шуъбаи докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русияро хатм кардааст.

Дар Донишгоҳҳои Маҷористон Итолиё, Шветсия (соли 2005), Русия такмили донишу ихтисос кардааст. 

Моҳи майи соли 2012 дар Русия дар мавзӯи «Проблемаҳои ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудаст.

Барандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2004 мебошад.

Муртазозода аз соли 2015 то 2020 ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буд.

Моҳи марти соли 2020 дубора ба унвони узви Ҳизби ҳокми халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

Ба унвони олими ҳуқуқшинос муаллифи 8 монография ва беш аз 87 мақолаи илмӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.