Бар асари таркиши “заправка”дар Мастчоҳ чанд кас захмӣ шуд: 4 ё 6?

Бар пайи таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чаҳор нафар осеб  бардошта чанд тан аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Манобеъ мегӯянд, миёни маҷруҳшудагон як нафар нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ низ буд, вале ӯ ҷароҳати сабук бардоштааст, ки бистарӣ нашудаст. Бегоҳии 10-уми май, тамин соати 20:00 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар даромадгоҳи ҷамоати Оббурдони […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар пайи таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чаҳор нафар осеб  бардошта чанд тан аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Манобеъ мегӯянд, миёни маҷруҳшудагон як нафар нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ низ буд, вале ӯ ҷароҳати сабук бардоштааст, ки бистарӣ нашудаст.

Бегоҳии 10-уми май, тамин соати 20:00 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар даромадгоҳи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ оташ гирифт. Манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, ин нуқтаи сӯзишворӣ ба соҳибкоре бо ном Ҷамшед мутаъаллиқ аст. Ҳодиса ҳангоми холӣ кардани маводи сӯзишворӣ аз мошине ба зарфҳои нигаҳдории маводи сӯхт сар задааст. 

Як манбаъ аз Идораи оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло сабаби таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ маълум нест. Вале ӯ гуфт, дар натиҷаи таркиш чаҳор нафар аз ҷумла се корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як корманди ниҳоди оташнишонӣ захм бардоштаанд. 

“Фавт нест, вале чанд нафар 5-25%-и осори сӯхта бардоштанд. Бо ин захм чаҳор нафар ба беморхона бурда шудаанд. Се нафарашон корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як нафар корманди нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ аст, ки захми сабук бардоштааст ва бистарӣ нест. Ҳангоми хомӯш кардани оташ таркиш мешавад ва онҳо осеб мебинанд”,-гуфт манбаъ аз идораи оташнишонӣ дар Суғд.

Мақомот расман то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Акбар Почозода, раиси ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳодисаро тасдиқ кард, вале дар мавриди захмиён чизе нагуфт. Ӯ гуфт, ҳоло гуруҳи корӣ таҳқиқро шуруъ кардаанд ва баъдтар ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Ба иттилои манобеи мо аз Идораи оташнишонӣ алангаи оташ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тахмин ба 60 метри мураббаъ доман паҳн карда зиён расонидааст. Ҳоло хисороти молӣ ва сабабҳои оташсӯзӣ пурра дақиқ нашудааст. Аммо манобеъ мегӯянд, бино ба фарзияи пешакӣ эҳтимол нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар натиҷаи “вайрон намудани қоидаи сӯхтор” оташ гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.