“Бачаи обӣ”-и коргардони ҷавони тоҷик дар Лондон ҷоиза бурд

Date:

Филми коргардони ҷавони тоҷик Файзуллои Файз  – “Бачаи обӣ” дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шудааст.

Дар ин бора худи коргардон Файзуллои Файз дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.

“Бачаи Обӣ” ба даври ниҳоии бахши “Филми бадеӣ” (Feature Film) роҳ ёфта, барандаи ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” (Audience Choice Award) гардидааст

Ҷоизаи филм дар маросими ҷоизасупорӣ ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ тақдим шудааст.

Намояндаи сафорат дар робита ба вокуниши тамошобинон ба филм гуфтааст: "Дар ҳақиқат филмро мардуми ҷамъомада хеле хуб пазироӣ намуданд…"

Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири идораи давлатии “Тоҷикфилм” дар ин филм продюссер будааст.

Ҷоизаи филм ба коргардони ҷавони тоҷик ба Душанбе аз тариқи Сафорати Тоҷикистон расонида хоҳад шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур маҳсули "Тоҷикфилм" буда то ин муддат дар ҷашнвораҳои байнулмилалии мухталиф барандаи ҷоизаҳои дигар ҳам шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...