“Бачаи обӣ”-и коргардони ҷавони тоҷик дар Лондон ҷоиза бурд

Филми коргардони ҷавони тоҷик Файзуллои Файз  – “Бачаи обӣ” дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шудааст. Дар ин бора худи коргардон Файзуллои Файз дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст. “Бачаи Обӣ” ба даври ниҳоии бахши “Филми бадеӣ” (Feature Film) роҳ ёфта, барандаи ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” (Audience Choice Award) гардидааст Ҷоизаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Филми коргардони ҷавони тоҷик Файзуллои Файз  – “Бачаи обӣ” дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шудааст.

Дар ин бора худи коргардон Файзуллои Файз дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.

“Бачаи Обӣ” ба даври ниҳоии бахши “Филми бадеӣ” (Feature Film) роҳ ёфта, барандаи ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” (Audience Choice Award) гардидааст

Ҷоизаи филм дар маросими ҷоизасупорӣ ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ тақдим шудааст.

Намояндаи сафорат дар робита ба вокуниши тамошобинон ба филм гуфтааст: "Дар ҳақиқат филмро мардуми ҷамъомада хеле хуб пазироӣ намуданд…"

Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири идораи давлатии “Тоҷикфилм” дар ин филм продюссер будааст.

Ҷоизаи филм ба коргардони ҷавони тоҷик ба Душанбе аз тариқи Сафорати Тоҷикистон расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур маҳсули "Тоҷикфилм" буда то ин муддат дар ҷашнвораҳои байнулмилалии мухталиф барандаи ҷоизаҳои дигар ҳам шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.