Ҳушдори КҲФ аз обуҳавои номусоид дар ду рӯзи наздик

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ва пагоҳ (27-28 май) дар қаламрави кишвар кишвар обуҳавои номусоид дар назар аст. “Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад”, – зикр мешавад дар […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ва пагоҳ (27-28 май) дар қаламрави кишвар кишвар обуҳавои номусоид дар назар аст.

“Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад дар ин рӯзҳо эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

“Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа поин рафта, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро низ пешбинӣ кардаанд.

Дар ин рӯзҳо дар Душанбе низ ҳавои боронӣ ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳарорат рӯзи 27 май дар ҳудуди 18-27 дараҷа ва рӯзи 28 май 2 дараҷа поинтар – 16-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намуда, сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

“Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд”, – огоҳ менамояд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.  

Ғайр аз ин ба аҳолӣ тавсия мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.