Яке $25 млн, дигаре $12 млн. Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-у бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро мефурӯшанд

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бонкҳои пурмоҷаро ва муфлисшуда дар Тоҷикистон ва меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”, ки молики он низ роҳбари ин бонк Тоҷиддин Пирзода гуфта мешавад, ба фурӯш гузошта шудааст. Радиои “Озодӣ” навиштааст, ки дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии ин бонк ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бонкҳои пурмоҷаро ва муфлисшуда дар Тоҷикистон ва меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”, ки молики он низ роҳбари ин бонк Тоҷиддин Пирзода гуфта мешавад, ба фурӯш гузошта шудааст.

Радиои “Озодӣ” навиштааст, ки дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии ин бонк ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шудааст.

Ин меҳмонхона аз 139 ҳуҷра ва зиёда аз ду гектар замин иборат буда, масоҳати бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ гуфта мешавад.

Дар музояда гуфта шудааст, ки дар сурати пайдо шудани харидорон нархи онҳо метавонад, боло равад ё дар сурати адами харидор эҳтимол нарх поин оварда шавад.

Гуфта мешавад, ки масъули музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буда, он 25-уми май нашр шудааст. Вале ҷустуҷӯи "Азия-Плюс" дар сайти расмии Кумитаи сармоягузорӣ ва ниҳодҳои зертобеи он натиҷа надод.

Ҳамин тариқ, аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҳам нагуфтанд, ки музояда дар куҷо нашр шудааст. Дастикам ду нафар аз кормандони масъуди ин кумита дар суҳбати кутоҳи телефонӣ дар бораи нашри музояда изҳори бехабарӣ карданд ва танҳо гуфтанд, ки  музоядааҳо асосан дар ҳафтаномаҳои “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумон нашр мешавад. Вале дар шумораҳои охири ин нашрияҳо, махсусан дар шумораи 25 майи “Ҷумҳурият” ва 24 майии “Садои мардум” (шумораи охираш 24 май нашр шудааст) эълони фурӯши бинои “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” пайдо нашуд.

Фурӯши бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи молики он дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон расо як сол пеш – 21 майи соли 2021 иҷозатномаи фаъолияти он ва бонки дигари пурмоҷаро “Агроинвестбонк”-ро бозхонда, бо ҳукми додгоҳ барои фурӯши амвол ва дороиҳои он мудири муваққат таъин шуда буд.

Сабаби бозхонди иҷозатнмаҳоро БМТ “пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ” маънидод кард.

Моҳи декабри соли 2021 дар поёни як ҷаласаи парлумони раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 70 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд.

Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳафт сол пеш “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.