Екатеринбург: Ду муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 32-юм афтода ҳалок шуданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Ектеринбург ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Таноби аробае, ки дар девори ошёнаи 32-юм буду онҳо дар болои он қарор доштанд, канда шуда, онҳо ба замин сарозер рафтаанд.

Дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” далели марги шаҳрвандони кишварро тасдиқ намуданд.

Ҳалокшудагон Далерҷон Тӯрақулови 27-сола ва Насимҷон Эшмуродови 33-сола, сокинони деҳаи Гулистон ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.

“Роҳбари ширкати сохтмон дар интиқоли ҷасадҳо ба ватан ва дигар масоил кумак мекунад. Айни замон бародари яке аз ҳалокшудагон дар Екатеринбург қарор дошта, хешовандони фавтидаи дигар имрӯз аз Маскав меоянд”, – гуфтанд дар консулгарии генералӣ.

Ба иттилои манбаъ, шуъбаи тафтишоти ноҳияи Ленини Екатеринбург аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Тавре ки нашрияи онлайнии «Е1.RU» хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26 май рух дода, таноби як тарафи ароба канда мешавад ва мардон аз ошёнаи 32-юм ба замин меафтанд.

Гуфта мешавад, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, гӯиё бори ароба аз меъёр зиёд ва хеле вазнин будааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...