Дар Душанбе дар бораи Муъмин Қаноат чӣ гуфтанд?

Гурӯҳе аз шоиру нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе, дар маҳфили ёдбуди Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон аз эшон ба унвjни воридкунанда ва сарпарасти шеъри нав дар адабиёти шӯравии тоҷик ном бурданд. Ин маҳфили ёдбуд аз сӯйи Иттифоқи нависандагони рӯзи 27-уми май баргузор карда шуд, ки дар он шоиру навbсандаҳо, устодони донишгоҳҳо ва дигар чеҳраҳои фарҳангу адабиёти кишвар […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Гурӯҳе аз шоиру нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе, дар маҳфили ёдбуди Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон аз эшон ба унвjни воридкунанда ва сарпарасти шеъри нав дар адабиёти шӯравии тоҷик ном бурданд.

Ин маҳфили ёдбуд аз сӯйи Иттифоқи нависандагони рӯзи 27-уми май баргузор карда шуд, ки дар он шоиру навbсандаҳо, устодони донишгоҳҳо ва дигар чеҳраҳои фарҳангу адабиёти кишвар ширкат карданд. 

Дар ин маҳфил аз Муъмин Қаноат ба унвони яке аз шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, хусусан достоннависи саршинос ном бурда шуд ва зикр шуд, ки Қаноат ба унвони муовин ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳми бузурге дар рушди адабиёти тоҷик гузаштааст. 

Аз ҷумла Аскар Ҳаким, адабиётшинос ва шоири тоҷик мегӯяд, ки Қаноат дар осораш ба муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти мардуми тоҷик пардохтааст.

 “Агар мо номи маҷмуъаҳои устод Муъмин Қаноатро ба ёд биёрем! Ин “Шарора” “Стиораҳои замин” Мавҷҳои Днепр” “Достони Оташ” “Суруши Столинград” “Масъуднома” “Тоҷикистон исми ман” ва дигарон аст. Аз ҳамаи ҳаминҳо маълум аст, ки ин асарҳо фарогирии муҳимтарин ҷиҳати зиндагии мардуми тоҷик аст”, – гуфт  Аскар Ҳаким.

Муъмин Қаноат 2-юми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хум, Дарвози ҳозира ба дунё омадааст. Достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Муъмин Қаноат тақрибан дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ муваффақтар аз ҳар каси дигар дониста шудааст.

Ин шоири маъруф ва достонсарои саршиноси адабиёти тоҷик, чор сол пеш 18 май соли 2018 дар Душанбе аз даргузашт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.