“Пул надиҳӣ, шармандаат мекунем”. Боздошти тамаъҷӯён бо навори видеои маҳрамона дар Хуҷанд

Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исафараро ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯии пул бо таҳдиди нашр накардани навори видеои маҳрамона боздошт намуданд. Барои нашру паҳн накардани навор онҳо аз духтари 19-сола 1,5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исафараро ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯии пул бо таҳдиди нашр накардани навори видеои маҳрамона боздошт намуданд. Барои нашру паҳн накардани навор онҳо аз духтари 19-сола 1,5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.

Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод.

Бино ба маълумоти милитсия, яке аз боздоштшудагон Хуршед Халлоқзодаи 35-сола моҳи март тариқи интернет бо як духтари сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос мешавад.

“Баъди чанде Халлоқзода духтарро ба мулоқот даъват намуда, лаҳзаҳои наздикиашро бо ӯ ҳаммаслакаш – Муминҷон Фурқатзодаи 23-сола дар телефон ба навор мегирад”, – зикр шуд дар гузориш.

Гуфта мешавад, сипас Халлоқзода аз духтар пул талаб намуда, ӯ ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Халлоқзода замони гирифтани қимате аз пули талабшуда – 1000 сомонӣ дастгир ва ҳаммаслакаш баъдтар боздошт шудаанд.

Дар сурати исботи гуноҳ мувофиқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (тамаъҷӯӣ) ба онҳо аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки Халлоқзода пештар ҳам барои қаллобӣ маҳкум шудааст. Ғайр аз ин, аз ӯ шаҳодатномаи қалбакии майори милится дарёфт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.