“Фурсати донистан”: Чӣ гуна мешавад аз қарорҳои қонунигардонии дороиҳо шикоят бурд?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Пӣюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки мавзуъи тартиби шикоят намудан аз болои қарорҳои комиссияи қонунигардонии  дороиҳоро ба баҳс кашид. Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Пӣюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки мавзуъи тартиби шикоят намудан аз болои қарорҳои комиссияи қонунигардонии  дороиҳоро ба баҳс кашид.

Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.

Савол: Муҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон чанд моҳ мебошад?

Ҷавоб: Чун қоида, шаҳрвандон ва шаҳсони ҳуқуқӣ  дар мавриди розӣ набудан бо қарори комиссияи қонунигардонии дороиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба суд бо шикоят муроҷиат намоянд. Мувофиқи  талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"  мўҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон тибқи Қонуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин муҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд баррасӣ карда намешаванд.

Ҳамзамон, бояд ёдрас шуд, ки муҳлати даъво вобаста ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаронидани он мумкин аст, ки аз ҷониби суд барқарор карда шавад.

Савол: Оё махфӣ будани иттилоот дар бораи  қонунигардонии амволро қонун кафолат додааст ё не?

Ҷавоб: Дар моддаи  4  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" махфӣ будани маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо кафолат дода шудааст.

Маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ ҳуқуқи фош кардани иттилоот дар бораи қонунигардонии амволро надоранд. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.

Савол: Оё давлат ба амвол ва дороиҳои қонунигардонидашуда ягон имтиёзҳои андоз  медиҳад ё не?

Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо  ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур  қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурўши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод карда мешаванд ва дар давраи имтиёзи андоз, ки бо ҳамин модда муқаррар мегардад, дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда, инчунин даромад аз онҳо ва маблағҳо аз фурўши дороиҳои қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд. Зимнан, ёдрас мешавем, ки   имтиёзҳои андозӣ ба молумулки ғайриманқул, яъне ба манзил, бино ва иншоотҳотатбиқ карда намешаванд.

Савол: Барои қонунигардонии амволи ғайриманқул ба комиссияи қонунигардонии  дороиҳо кадом ҳуҷҷаитҳо пешниҳод карда мешаванд?

Ҷавоб: Барои қонунигардонии амволи ғайриманқул ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

1) ариза оид ба қонунигардонии дороиҳо дар ду нусха аз рӯи намунаи шакли бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;

2)ҳуҷҷати аслии ҳуқуқмуайянкунандаи пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, инчунин дар ҳолати мавҷуд будан, ҳуҷҷати ҳуқуқтасдиқкунандаи пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

3)шиносномаи техникӣ дар ду нусха бо нақша-схемаи ошёна ба ошёнаи молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашаванда;

4)нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

5) ҳуҷҷати пардохти хироҷ  барои  қонунигардонӣ;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.