Пас аз се рӯзи ғарқшавӣ ҷасади навраси 13-соларо аз дарёи Душанбе берун оварданд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Пас аз се рӯзи ғарқ шудан, ғаввосон ҷасади як навраси 13-соларо аз об берун кашидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар як изҳороте гуфт, сабаби марги наврас маълум нест, аммо тахмин задаанд, ки аз беназоратӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷасади беҷонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ба онҳо соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май хабари дар дарёи Душанбе ғарқ шудани навраси 13-сола дар ҳудуди кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе расидааст. Бо гузашти се рӯз аз корҳои ҷустуҷӯӣ,  дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, рӯзи 28-уми май ҷасади наврасро аз умқи оби канал берун кашида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Гуфта мешавад, навраси ғарқшуда сокини 13-солаи кӯчаи Нодира,  бинои 97-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо нашри ин хабар, аз сокинони кишвар хостааст, фарзандони ноболиғи худро танҳову беназорат нагузоранд.

Сабаби аксари ҳодисаҳои нохуше, ки дар он кӯдакон қурбони он мешаванд, кумита аз беназоратӣ донистааст.

 Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...