Олими риёзидони тоҷик Мерганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои иттиҳод”-и ИДМ шуд

Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад. Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 соҳиб шудааст. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.  Дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам […]

Asia-Plus

Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад.

Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 соҳиб шудааст. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд. 

Дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд. 

Ин ҳар сол ба намояндагони  барҷастаи давлатҳои ИДМ дар бахшҳои илму ҳунар ва адабиёт ва фаъолиятҳои ҳуқуқибашарӣ ки арзиши ҷаҳонӣ доранд, ҳадя мешавад.

Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл аст, ки дар ҳоли ҳозир баробар ба $32 276 доллар мебошад. Гуфта мешавад маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.

Мерганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон буда, дар гузашта муовини раиси порлумони Тоҷикистон буд.

Ин донишманд соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро ҳам ба даст оварда буд.

Барандагони ҷоиза аз кишварҳои дигари узви ИДМ дар соли 2021:

Нотик Камол оғлу аз Озарбойҷон, ҳайкалтарош, Эдуард Хачиян аз Арманистон, геолог, устоди Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмони ин кишвар,  Сергей Клинин аз Белорус, физикдон, муовини раиси Академияи илмҳои ин кишвар, Серик Рустамбеков аз Қазоқистон, меъмор, раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон, Миталип Мамитов аз Қирғизистон, ҷарроҳи асаб, Юрий Темирканов аз Русия, дирижёр, Рамиз Усмонов, директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио