Як додгоҳи Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Ин шаҳрвандон 29 апрел ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд. Дар ин бора аз додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд. Додгоҳ рӯзи 3 июн ҳар кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро наздики 600 долларӣ ҷарима баста. Ҳамаи шаҳрвандони ҷаримашуда сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Ин шаҳрвандон 29 апрел ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд.

Дар ин бора аз додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд.

Додгоҳ рӯзи 3 июн ҳар кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро наздики 600 долларӣ ҷарима баста.

Ҳамаи шаҳрвандони ҷаримашуда сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳастанд ва мақомоти Қирғизистон онҳоро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд.

Ҳамзамон, расонаҳои Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт ва маҳкум кардаанд.

Ин хабар такмил мешавад

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.