Парвози ҳавопаймои мусофирбар бо хатсайри Тоҷикистон – Чин мавқуф гузошта шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Чин дар Душанбе. Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ имрӯз, 23 июн пешбинӣ гардида буд.

“Рӯзи парвоз ва сабаби мавқуф гузошта шудани он ба мо маълум нест. Беҳтараш ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед”, – гуфтанд дар сафорат.

То замони нашри хабар ба мо муяссар нашуд, ки бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шавем, зеро ба зангҳои серушмори мо посух надоданд.

Таъхири парвоз эҳтимол ба вазъи то ҳол ноустувори эпидемиологӣ дар Чин вобаста бошад. Аз охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар ин кишвар маҳдудияту карантинҳо ҷорӣ шуда, аввали моҳи июн зикр шуд, ки вазъият ба эътидол омадааст. Шабонарӯзи ахир 151 нафар дар Чин аз коронавирус сироят гирифтаанд.

Дар бораи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин қаблан аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дода буданд. Зикр шуда буд, ки чанде пеш ба дархости Тоҷикистон ҷиҳати оғози парвозҳо байни кишварҳо аз Чин посухи мусбат расид.

Гуфта мешуд, дар ду ҳафта ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» и China Southern Airlines 1-парвозӣ анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин ду сол инҷониб – аз 10 апрели соли 2020 қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...