Дар Хоруғ маросими хатми таҳсили соли 2022-и ДОМ баргузор шуд

Дар Хоруғ маросими Хатми таҳсили соли 2022-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) баргузор шуд. Муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева бо қадрдонӣ аз нақши Донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ чунин изҳори назар кард: «Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) яке аз лоиҳаҳои муваффақ мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд амалӣ намуд. […]

Дар Хоруғ маросими Хатми таҳсили соли 2022-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) баргузор шуд. Муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева бо қадрдонӣ аз нақши Донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ чунин изҳори назар кард:

«Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) яке аз лоиҳаҳои муваффақ мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд амалӣ намуд. Дар ҳамкории зич бо Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи онҳо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мавқеи устувори худро пайдо ва нуфузи муайянро касб намояд».

Нилуфар Асламшоева ҳамчунин қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки омӯзиши забон, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ба барномаи таълимии Донишгоҳ ворид шуда, донишҷӯёни хориҷӣ бо тамаддуну ғановатҳои бойи фарҳангию илмии миллати тоҷик шиносоии амиқ пайдо мекунанд.

«Дар макотиби гуногуни Донишгоҳ садҳо нафар шаҳрвандони мо имкон пайдо карданд, ки тавассути  бозомӯзии касбӣ ва фарогирӣ бо маълумоти давомдор сатҳи тахассусии худро баланд намуда,  пайваста дар омӯзиш бошанд, то ҷавобгӯ ба талаботи замон  фаъолият кунанд», – афзуд ӯ.

18 июни соли 2022, дар миёни кӯҳҳои бошукӯҳи Помир ва Тиён-Шон, дар маросими Хатми таҳсил дар ду кампус Хоруғ ва Норин волидайн, ҳайати омӯзгорон ва меҳмонони олиқадр барои табрики донишҷӯён барои дастовардҳои таълимӣ ва ваъдаҳои муваффақиятҳои онҳо, ки ҳанӯз дар пешанд, ҷамъ омада буданд.

Ҳарчанд аз хатми таҳсили аввалини таърихии ДОМ як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, барои гурӯҳи дуюми хатмкунандагон ин сол хеле зуд гузашт. Чорабинӣ бо кафкӯбиҳои пурмаҳсул оғоз ёфт ва донишҷӯён бо ифтихор либосҳои расми (мантия) бо омезиши нақшҳои маъмули ороишӣ ва анъанаҳои ғании фарҳангии Осиёи Марказӣ намоиш дода, курсиҳои худро дар интизори гирифтани унвонҳо ишғол карданд.

Аз номи Канслер, Волоҳазрат Оғохон, шоҳдухт Заҳро Оғохон, ки ҳамзамон Парастори ДОМ мебошад, ба хатмкунандагон паёми табрикии хоса расонд. Вай инчунин мушкилоти глобалии тағирёбии иқлимро қайд кард, ки барои он роҳҳои ҳалшавӣ ва чораҳои мутобиқшавӣ бояд дар маҳал муайян ва амалӣ карда шаванд.

“Сабаби таълим додани илм дар бораи замин ва муҳити зист дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ин аст, ки тағйири иқлим ҳамон гуна, ки ба тамоми сайёра таъсир мерасонад ба Осиё Марказӣ низ таъсир хоҳад расонд. Он дар равишҳои рӯёндан ва тақсими ғизо, истифода аз манобеъ ва сохтмони хонаҳо дар оянда тағйиротеро ворид хоҳад кард. Он, ҳамчунин, теъдоде аз ҳирфаҳо ва шуғлҳои навро эҷод хоҳад намуд, ки дар даҳсолаҳои оянда муҳим хоҳанд буд”.

Доктор Шамш Кассим Лакха, раиси Шӯрои Парасторони ДОМ нақши муҳими малакаҳои одамонро дар муваффақияти касбӣ таъкид кард. Вай афзуд,“Таҳсилоти гирифтаи шумо ба он тарҳрезӣ шудааст, ки дар шумо як тафаккури гуногунандешӣ барои кӯмак ба муттаҳидсозии фарҳангҳо ва миллатҳо, омода кардани шумо барои шаҳрвандии масъулиятнок ва ҳамчунин идоракунии ахлоқӣ ва равшанфикрӣ; ва ба таври мантиқӣ ва интиқодӣ фикр кардан, равона шудааст. Хулоса, ба шумо захираҳое дода шудаанд, ки дар ҳар касбе, ки шумо интихоб мекунед, ба шумо дар пешво шудан кӯмак мекунанд.”

Профессор Соҳаил Нақвӣ, ректори ДОМ, зимни эҳтиром ба донишҷӯён ва волидони онҳо қайд кард, ки хатмкунандагон ба дидгоҳи Канслер содиқ монда, барои фаҳмидани ниёзҳо ва мушкилоти ҷамоатҳои деҳот ва тарзи муайян кардани роҳи рушди онҳо саъй кардаанд.

Яке аз хатмкунандагони беҳтарини соли 2022 Сумайно Шакарбекова ба Волоҳазрат Оғохон, маъмурияти донишгоҳ ва омӯзгорон барои имкони гирифтани маълумоти сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд. Вай қиссаи худро ҳамчун як духтари ҷавоне, ки дар ноҳияи дурдасти Ишкошими ВМКБ ба воя расид, нақл кард, ки духтарон дар он ҷо ба орзуи калон ҷуръат намекунанд. Аммо сарфи назар аз душвориҳо, вай орзуи калон дошт ва ба чизе ноил шуд, ки касе аз деҳааш ба он муваффақ нагардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.