Парвози ҳавопаймои мусофирбар бо хатсайри Тоҷикистон – Чин мавқуф гузошта шуд

Барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Чин дар Душанбе. Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ имрӯз, 23 июн пешбинӣ гардида буд. “Рӯзи парвоз ва сабаби мавқуф гузошта шудани он ба мо маълум нест. Беҳтараш ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ширкатҳои […]

Барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Чин дар Душанбе. Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ имрӯз, 23 июн пешбинӣ гардида буд.

“Рӯзи парвоз ва сабаби мавқуф гузошта шудани он ба мо маълум нест. Беҳтараш ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед”, – гуфтанд дар сафорат.

То замони нашри хабар ба мо муяссар нашуд, ки бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шавем, зеро ба зангҳои серушмори мо посух надоданд.

Таъхири парвоз эҳтимол ба вазъи то ҳол ноустувори эпидемиологӣ дар Чин вобаста бошад. Аз охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар ин кишвар маҳдудияту карантинҳо ҷорӣ шуда, аввали моҳи июн зикр шуд, ки вазъият ба эътидол омадааст. Шабонарӯзи ахир 151 нафар дар Чин аз коронавирус сироят гирифтаанд.

Дар бораи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин қаблан аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дода буданд. Зикр шуда буд, ки чанде пеш ба дархости Тоҷикистон ҷиҳати оғози парвозҳо байни кишварҳо аз Чин посухи мусбат расид.

Гуфта мешуд, дар ду ҳафта ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» и China Southern Airlines 1-парвозӣ анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин ду сол инҷониб – аз 10 апрели соли 2020 қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.