То охири моҳ обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Рӯзҳои охири моҳи июн дар Тоҷикистон обуҳавои гарми бидуни боришот дар назар буда, танҳо дар минтақаҳои кӯҳистон борону раъду барқ ба амал меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. “Ба сурати умум аз 24 июн дар кишвар обуҳавои абрноки тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот ва дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борон (дар ағбаҳо […]

Рӯзҳои охири моҳи июн дар Тоҷикистон обуҳавои гарми бидуни боришот дар назар буда, танҳо дар минтақаҳои кӯҳистон борону раъду барқ ба амал меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

“Ба сурати умум аз 24 июн дар кишвар обуҳавои абрноки тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот ва дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борон (дар ағбаҳо барф), раъду барқ ва баъзан фаромадани туман дар назар аст”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Дар Душанбе то охири моҳ ҳарорат рӯзона аз 34 то 40 дараҷа гарм ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 32-37 дараҷа гарм мешавад. Тавре ки гуфтем, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону раъду барқ ва туман пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорат дар рӯзҳои боқимондаи моҳ рӯзона дар сатҳи 35-40 дараҷа гарм боқӣ монда, дар шаҳри Хуҷанд рӯзона бебориш ва 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ то охири моҳ ҳавои абрноки тағйирёбандаи аксаран бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят рӯзона 25-30 дараҷа, дар шарқи вилоят – 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ ҳавои абрнок ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар саросари вилояти Хатлон ҳарорат то 42 дараҷа гарм шуда, дар Бохтар обуҳавои каме абрнок ва бидуни боришот дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 23 ва 24 июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ҷумҳурӣ бар асари боришот хатари фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.