Чойхонаи дӯстдоштаи сокинони пойтахт – “Роҳат” 64-сола шуд

64 сол пеш, 22 июни соли 1958 дар Душанбе чойхонаи “Роҳат” ба кор оғоз намуд, ки дере нагузашта ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинони шаҳр ва иншооти муаррифгари пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Вале имруз ба чойхона нигариста, кас андуҳгин мешавад, шахсро ҳиссиёте фаро мегирад, ки он хишт бо хишт тахриб мешавад. Чанде пеш бинои шафати […]

Анна Мифтахова, махсус барои asia+

64 сол пеш, 22 июни соли 1958 дар Душанбе чойхонаи “Роҳат” ба кор оғоз намуд, ки дере нагузашта ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинони шаҳр ва иншооти муаррифгари пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Вале имруз ба чойхона нигариста, кас андуҳгин мешавад, шахсро ҳиссиёте фаро мегирад, ки он хишт бо хишт тахриб мешавад.

Чанде пеш бинои шафати чойхона – тарабхонаи “Роҳат” тахриб шуд, ки дар паҳлӯи чойхона хеле дертар пайдо шуда буд.

Ҳоло дар ҷои тарабхона чуқурии калоне дида мешавад. Кормандон мегӯянд, толори зиёфати чойхона низ соли оянда метавонад тахриб шавад. Дар бораи бинои асосии чойхонаи «Роҳат» ҳоло чизе маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Раёсати сохтмони Кумитаи сохтмон ва меъморӣ  ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад.

Масъалаи тахриби чойхонаи “Роҳат” чандин сол аст, ки мавриди баҳси ҷомеа қарор дошта, ба мисли дигар биноҳои қадимаи маркази шаҳр пурсарусадо ҷараён дорад, зеро аксарият чойхонаи “Роҳат”-ро яке аз рамзҳои Душанбе медонанд.

Тахриби бинои паҳлӯи чойхонаи “Роҳат” ё ба эҳтимоли зиёд тахриби худи чойхонаи Роҳат дар ҳолест, ки дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талоши зиёде ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад. Онҳо мегуфтанд, ки деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи "Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст.

Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш  ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.