Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Афғонистон ба зиёда аз 1 ҳазор нафар расид

Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд. Шаби […]

Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд.

Шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод.  Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.

Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.

https://www.youtube.com/watch?v=QhDnDXzZsqE

Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар ҳоли баррасии ниёзҳо ва омодаи ҳамоҳангии кӯмак ҳастанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.