Вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Эрон гуфтушунид кард

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сергей Лавров, вазири корҳо хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд ва бо ҳамтои эронии худ ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард.

Расонаҳои эронӣ ҳадафи сафари Лавров ба Теҳронро музокира баҳри тақвияти равобити дуҷониба, ҳамкориҳои энержӣ ва гуфтугӯ атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ унвон кардаанд.

Вазорати хориҷаи Эрон низ сафари Сергей Лавровро дар ростои тавсеъаи ҳамкориҳои ҳавзаи Урупо-Осиё ва Қафқоз унвон кардааст.

Вазири хориҷаи Русия дар дидор бо Раисӣ, раисҷумҳури Эрон гуфтааст:

«Дар ҳоли ҳозир мо ҳаёти хеле фаъол дорем – ҳам дар дохили кишвар ва ҳам аз нигоҳи масоили байнулмилалӣ. Раисҷумҳур ҳар рӯз пай дар пай ҷаласаҳо мегузаронад — онҳо пеш аз ҳама, ба соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи банку молия, ба воқеиятҳое дахл доранд, ки ҳоло дар натиҷаи сиёсати ғаразнок ва таҷовузкоронаи Ғарб ба миён омадаанд. Дар тамоми кишварҳое, ки ба таъсири манфии амалҳои худхоҳонаи Амрико ва тобеъонаш дучор шудаанд, ба зарурати воқеии бозбинии равобити иқтисодӣ ниёз пайдо мешавад, то ки ба тасмимҳои шарикони ғарбӣ вобаста набошанд".

Ҳамчунин аксҳое аз дидори Лавров бо Раисӣ дар расонаҳои Эрон бозтоб ёфта, аммо тавзеҳе дар бораи музокироти миёни онҳо нашр нашудааст.

Ба гузориши расонаҳои Русия қарор аст, ду тараф дар ин дидор дар бораи тавофуқномаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва тавсеъаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба гуфтугӯ кунанд.

Моҳи гузашта Русия гуфта буд, ки Теҳрон ва Маскав, ки ҳарду ҳадафи таҳримҳои сангини Ғарб ҳастанд ва ҳамзамон дорои яке аз бузургтарин захираҳои энержии ҷаҳонанд, бо якдигар дар бораи ҳамкорӣ барои ҳалли ин мушкил гуфтугӯ кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...