Раисони минтақаҳо барои тӯй ва фурӯши ғайриқонунии замин аз кор озод шуда метавонанд

Дар Тоҷикистон ба қонун дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимият тағйирот ворид карда шуд. Акнун раисони минтақаҳо метавонанд барои ташкили тӯйҳои пуршукуҳ ва фурӯши ғайриқонунии замин аз мансаб барканор карда шаванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи ворид намудани илрваҳо ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро ба имзо расонид. Ба моддаи 22-и […]

Дар Тоҷикистон ба қонун дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимият тағйирот ворид карда шуд. Акнун раисони минтақаҳо метавонанд барои ташкили тӯйҳои пуршукуҳ ва фурӯши ғайриқонунии замин аз мансаб барканор карда шаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи ворид намудани илрваҳо ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро ба имзо расонид. Ба моддаи 22-и ин қонун тағйирот ворид шудааст.

Акнун раисони вилоят ва шаҳру навоҳиро барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия, танзими расму оин ва ҷашну маросим, инчунин дидаву дониста ғайриқонунӣ қабул кардани қарорҳо дар бораи ҷудо кардан, мусодира ва ба ихтиёр додани замин метавонанд аз вазифа озод кунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон 3 ҳазору 476 далелҳои риоя нашудани қонунгузории замин ошкор шудааст. Аз рӯи 3 ҳазору 108 далел парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба маблағи 1 млн 559 ҳазору 551 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Барои баҳои ҳуқуқӣ додан 284 мавод ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, 137 мавод ҷиҳати маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо ба хадамоти иҷро фиристода шудааст.

Яъне сабаби аз кор озод шудан қонуншиканӣ маҳз дар ҳамин бандҳо зикр мешавад. Қаблан барои чунин амалҳо раисони минтақаҳо бар асоси ариза дар бораи истеъфо, қарор дар бораи маҳдудияти коршоямӣ ё эътирофи корношоямӣ ва ё ҳукми суд дар бораи гунаҳкорӣ аз вазифаашон озод мешуданд.

Мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои худ, қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани шаҳрвандии давлати дигар низ барои аз мансаб барканор гардидан асос шуда метавонад.

Қарори мазкур рӯзи 20 апред аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуда, рӯзи 30 май онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ маъқул донист.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.