Вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Эрон гуфтушунид кард

Сергей Лавров, вазири корҳо хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд ва бо ҳамтои эронии худ ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард. Расонаҳои эронӣ ҳадафи сафари Лавров ба Теҳронро музокира баҳри тақвияти равобити дуҷониба, ҳамкориҳои энержӣ ва гуфтугӯ атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ унвон кардаанд. Вазорати хориҷаи Эрон низ сафари Сергей Лавровро дар ростои […]

Сергей Лавров, вазири корҳо хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд ва бо ҳамтои эронии худ ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард.

Расонаҳои эронӣ ҳадафи сафари Лавров ба Теҳронро музокира баҳри тақвияти равобити дуҷониба, ҳамкориҳои энержӣ ва гуфтугӯ атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ унвон кардаанд.

Вазорати хориҷаи Эрон низ сафари Сергей Лавровро дар ростои тавсеъаи ҳамкориҳои ҳавзаи Урупо-Осиё ва Қафқоз унвон кардааст.

Вазири хориҷаи Русия дар дидор бо Раисӣ, раисҷумҳури Эрон гуфтааст:

«Дар ҳоли ҳозир мо ҳаёти хеле фаъол дорем – ҳам дар дохили кишвар ва ҳам аз нигоҳи масоили байнулмилалӣ. Раисҷумҳур ҳар рӯз пай дар пай ҷаласаҳо мегузаронад — онҳо пеш аз ҳама, ба соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи банку молия, ба воқеиятҳое дахл доранд, ки ҳоло дар натиҷаи сиёсати ғаразнок ва таҷовузкоронаи Ғарб ба миён омадаанд. Дар тамоми кишварҳое, ки ба таъсири манфии амалҳои худхоҳонаи Амрико ва тобеъонаш дучор шудаанд, ба зарурати воқеии бозбинии равобити иқтисодӣ ниёз пайдо мешавад, то ки ба тасмимҳои шарикони ғарбӣ вобаста набошанд".

Ҳамчунин аксҳое аз дидори Лавров бо Раисӣ дар расонаҳои Эрон бозтоб ёфта, аммо тавзеҳе дар бораи музокироти миёни онҳо нашр нашудааст.

Ба гузориши расонаҳои Русия қарор аст, ду тараф дар ин дидор дар бораи тавофуқномаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва тавсеъаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба гуфтугӯ кунанд.

Моҳи гузашта Русия гуфта буд, ки Теҳрон ва Маскав, ки ҳарду ҳадафи таҳримҳои сангини Ғарб ҳастанд ва ҳамзамон дорои яке аз бузургтарин захираҳои энержии ҷаҳонанд, бо якдигар дар бораи ҳамкорӣ барои ҳалли ин мушкил гуфтугӯ кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.