ВКХ Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон ҳамдардӣ баён кард

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи заминларза дар Афғонистон бо нашри баёнияе изҳори тасалият кардааст. Ин ниҳод бо намояндагӣ аз ҳукуматиТоҷикистон навиштааст, ки "ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард." "Тасаллияти […]

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи заминларза дар Афғонистон бо нашри баёнияе изҳори тасалият кардааст.

Ин ниҳод бо намояндагӣ аз ҳукуматиТоҷикистон навиштааст, ки "ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард."

"Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем."-омадааст дар баёнияи вазорат.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод.  Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.

Русия, Эрон, Чин ва Покистон барои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, артиши Покистон, Вазорати хориҷаи Эрон ва Вазорати хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона эълом кардаанд, ки кишварҳояшон омодаанд ба осебдидагони заминларзаи Афғонистон кумак кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.