Президенти Кипри Шимолӣ ба донишҷӯи аълохони тоҷик шахсан медал тақдим кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Донишҷӯ аз Тоҷикистон Абдуҳаким Абдусамадов беҳтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин дар Кипри Шимолӣ эътироф шуд. Медали махсусро ба ӯ шахсан президенти ин кишвар Эрсин Татар тақдим кард.

Абдуҳаким соли 2019 ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли аввал тариқи онлайн таҳсил кард, лекин бо вуҷуди ин, донишҷӯи соли факултаи муҳандисии донишгоҳ дониста шуд.

Се соли минбаъда низ Абдуҳаким ба чунин унвон сазовор дониста шуда, имсол пеш аз хатм ба ӯ барои хониши аъло медали махсус супурданд.

Балли миёнаи CGPA-и ӯ 3.99 балл аз 4 балли имконпазирро ташкил дод.

Абдуҳаким Литсей барои кӯдакони болаёқат дар Душанберо хатм намуда, забони англисиро хеле хуб медонад.

Бобои Абдуҳаким академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Мунъим Абдусамадов мегӯяд, набераи аълохонаш охири моҳи июл диплом дар бораи хатми муваффақонаи EMU-ро ба даст мегирад.

“Минбаъд худаш тасмим мегирад, ки дар Тоҷикистон кор мекунад ё муддати чанд сол ба яке аз кишварҳои аврупоӣ таҷрибаомӯзи меравад. Хушнудам, ки дар Тоҷикистон боз як кадри муҳандисӣ пайдо шуд, ки барои рушди иқтисоди кишвар хеле зарур аст”, – иброз дошт академик.

Ба гуфтаи ӯ, ба Абдуҳаким ҳамасола барои хониши аъло дар ҳаҷми 2 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешуд, ки аз лиҳози моддӣ дастгирии хуб буд.

Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин (EMU) аввалини донишгоҳи давлатии Кипр буда, соли 1979 ба фаъолият оғоз намуд. Дар донишгоҳ 1100 омӯзгор аз 35 кишвари гуногун машғули кор буда, 17,5 ҳазор донишҷӯ аз 110 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...