12 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор оила пош хӯрдааст

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Дар соли 2021-ум 6 ҳазору 476 оила пош хурдааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар як нишасти хабарӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳоро омода набудани ҷуфти ҷавон ба ҳаёти оилавӣ маънидод кард.

«Аввалин сабаби ҷудо шудани оилаҳо дар он аст, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Ба он чизе, ки дар издивоҷ онҳоро дар пеш интизор аст, омода нестанд», – шикоят кард вазири адлия.

Ашӯриён таъкид кард, ки беш аз 8 ҳазор кӯдак пас аз талоқ ятим ва ё нимаятим монданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, сабти ақди никоҳ аз аввали соли ҷорӣ 7% коҳиш ёфтааст.

«Теъдоди ақди никоҳ имсол 30 ҳазору 266 нафарро ташкил дод. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2021-ум 32 ҳазору 489 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст», – гуфт Ашӯриён.

Дар давоми шаш моҳ дар кишвар ҳамагӣ 39 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст – соли гузашта ин рақам 116 нафар буд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки сабти таваллуди кӯдакон дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст – дар 6 моҳи соли 2021-ум 104 ҳазору 737, дар соли ҷорӣ 111 ҳазору 537 далел ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...