$2,5 ё $4 ҳазор. Раиси собиқи Додгоҳи Хуҷанд ба гирифтани чӣ миқдор пора айбдор мешавад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳаҷми порае, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода додраси собиқи ин додгоҳ барои ҳал намудани парвандаи ҷиноятӣ гирифтаанд, баҳсбарангез шудааст.

Додгоҳи олӣ мегӯяд, онҳо барои гирифтани 2,5 ҳазор доллар гумонбар мешаванд. Оҷонсии зиддифасод гуфт, Муҳаммадзода ва Маҳмадсаидзода зимни гирифтан 4 ҳазор доллар пора дастгир шудаанд.

Низомзода Насриддин, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод, дар нишасти матбуотии имрӯза, 18 июл гуфт, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода додраси собиқи ин додгоҳ, тавассути миёнарав ба гирифтани 4 ҳазор доллар пора айбдор мешаванд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ин ду додраси собиқ тавассути миёнарав Шоҳидҷон Ҳоҷибоев, як вакили дифоъ барои ҳал намудани парвандаи ҷиноятие, ки дар баррасии додраси собиқ Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт, аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир шудаанд.

–  Ҳоло нисбати онҳо парванда боз карда шудааст, тафтишоти пешакӣ ба охир расида, парванда дар додситонӣ барои омӯзиш қарор дорад.  Ҳар се нафар онҳо дар ҳасби пешакӣ қарор доранд, – гуфт Низомзода.

Иттилои Оҷонсии зиддифасод дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода бо гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд ва ин маблағ байни онҳо тақсим шудааст.

“Мувофиқи маълумоти мо ин маблағ байни раиси додгоҳ ва додрас тақсим карда шудааст. Парванда вақте барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ дохил шуд, баъд доир ба ин масъала пурратар маълумот дода метавонем", – гуфт Шоҳиён.

Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон гуфта буд, ки “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.

Он замон Оҷонсӣ дар бораи ҳаҷми маблағи пора хабар надода буд. Акнун маълум мешавад, ки ҳаҷми порае, ки раиси собиқи додгоҳи Хуҷанд ва додраси собиқи ин додгоҳ барои гирифтани он гумонбар мешаванд, баҳсбарангез шудааст ва ду ниҳоди масъул рақамҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифо нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарда буданд.

Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...