Афзоиши назарраси захираҳои тиллову асъори Бонки миллӣ

То охири нимсолаи аввали соли 2022 захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 8,1 моҳ барои рӯйпӯши воридоти кишварро ташкил доданд, хабар дод имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода. Нисбат ба аввали сол ин нишондиҳанда ба 1 моҳ зиёдтар барои рӯйпӯши воридот баробар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар […]

То охири нимсолаи аввали соли 2022 захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 8,1 моҳ барои рӯйпӯши воридоти кишварро ташкил доданд, хабар дод имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода.

Нисбат ба аввали сол ин нишондиҳанда ба 1 моҳ зиёдтар барои рӯйпӯши воридот баробар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар бозори нақдӣ барои дастгирии пули миллӣ ба маблағи 64,8 млн доллар дахолат (интервенсия)-и асъорӣ сурат гирифтааст.

Толибзода таъкид дошт, ки дахолат ба бозори асъор дар нимсолаи аввали сол моҳи март анҷом дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 март Бонки миллӣ қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ якбора ба андозаи 15% сомонӣ тағйир дод.

Дар шарҳи БМТ он замон зикр шуда буд, ки фарқият байни қурби расмӣ ва қурби мубодилаи доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ ба ҳолати рӯзи 8 март 15,9%-ро ташкил додааст.

Қаблан Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистонро то аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар арзёбӣ карда буд.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои тиллои худро аз ҳисоби истеҳсолоти маҳаллӣ пур мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.