Бонки миллӣ тағйири босуръати қурби долларро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии долларро анҷом дод.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти БМТ, қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ рӯзи 9 март якбора ба андозаи 15% тағйир дода шуд.

Мувофиқи қурби нав, 1 доллар 13 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 8 март 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд.

Дар шарҳи БМТ гуфта мешавад, аз аввали соли 2022 қурби расмии доллар нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз санаи 8.03.2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид.

“Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият байни қурби расмии доллар нисбати пули миллӣ ва фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ, ин зиёд шудани талабот ба доллар, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд”, – омадааст дар шарҳи Бонки миллии кишвар.

Зикр мешавад, ки ҳамзамон, дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ тасмим гирифта шудааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъорӣ анҷом дода шавад.

“Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд”, – таъкид мешавад дар шарҳ.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ, аз ҷумла тасҳеҳи (коррексия) қурбӣ ва мудохилаи (интервенсия) асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шавад.

Гуфта мешавад,  БМТ дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ гардида истодааст.

Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, БМТ дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...