“Ихтиёрӣ рафтанд”. Беш аз 2 ҳазор донишҷӯй ба артиш рафтаанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар даъвати имсолаи баҳорӣ 2 ҳазору 333 хатмкунандаи макотиби олии кишвар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 19 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, бештари онҳое, ки ба сафи артиш пайвастанд, хатмкунандагони риштаи ҳуқуқ мебошанд.

Саидзода афзуд, ки тасмими пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм ва пайвастан ба артиш аз ҷониби худи хатмкунандагон сурат гирифтааст.

"Тибқи қонуни нав онҳое, ки мехоҳанд, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд, бояд хизмат намоянд. Вазифаи муқаддаси ҳар як шахс аст ва ҳар як кас бояд хизмат кунад. Замоне ки ман донишҷӯ будам, баъди курси якум рафтам, ду сол хизмат кардам. Ин мактаби мардонагӣ аст ва ҳар як мард ин чизро бояд гузарад”, – афзуд вазири маориф.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси як мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати маориф ва илм ба хатмкунандагони макотиби олӣ иҷозат дод, ки имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ихтиёран ба артиш раванд.

Далели пас аз имтиҳонҳо ба хидмат бурдани ин афрод он аст, ки онҳо пас аз супурдани имтиҳоноти хатм соҳиби маълумоти олӣ ҳисоб мешаванд ва тибқи қонун як сол хидмат мекунанд.

Он замон бархе коршиносон мегуфтанд, ки интизор меравад бо баҳонаи мактуб донишҷӯён, махсусан хатмкунандагонро иҷборан ба артиш ҷалб намоянд.

Воқеан, баъди ирсоли ин мактуб дар даъвати ҳарбии баҳорӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...