Эмомалӣ Раҳмон бадшавии вазъиятро дар Афғонистон пешгӯӣ кард

АКИpress

Вазъият дар Афғонистон тамоили минбаъд бадшавиро дорад. Тибқи пешгӯиҳои мо, боз ҳам бадтар мешавад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон.

Ба ақидаи ӯ, рӯйдодҳои айни замон дар Афғонистон ҷараёндошта метавонанд натанҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо метавонанд ба тағйироти геополикии тавозун ва неру дар тамоми минтақаи авруосиёӣ боис гарданд, хабар медиҳад АКИpress.

“Раҳбарияти “Толибон” тайи муддати гузашта барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунӣ будани ҳукумати худ, тавоноии назорат болои вазъият дар кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномадаи иҷтимоиву иқтисодӣ чорае наандешидааст.

Баръакс, бар хилофи ваъдаҳо, Толибон бо ҳар роҳ ба таъсиси ҳукумат бо иштироки васеи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва этникӣ монеъ мешаванд”, – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки маъмурияти харакати Толибон дар шакли ҳозирааш аз ухдаи ҳалли масоили идоракунии мамлакат намебарояд. "Дар ҳамин ҳол, Толибон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва муҳофизакорӣ (консерватизм)-и шадиди мазҳабиро роҳандозӣ кардаанд", – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди ин пахши мустақим қатъ шуд. Намоиш баъди чанде барқарор шуда, суханронии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов оғоз гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...