Боздошти назоратчии барқ: 3 ҳазору 800 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

Date:

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ пора айбдор мешавад.

Ин ниҳод, рӯзи 1 август бо пахши хабаре дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

– Аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст, – менависад Оҷонсии зиддифасод. 

Ин ниҳод афзудааст,  вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Солиев бо гумони “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши онро ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст.

Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...