Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид

Date:

Бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳри Исфара чор нафар аз он сироят гирифтаанд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Рӯзҳои 2 ва 3 август якбора 22 нафар бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ ба беморхонаи сироятии Исфара муроҷиат карданд. Ҳамаи онҳо дар қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳр хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдаанд. Ҳашт нафари онҳоро лозим омадааст, ки бистарӣ кунанд.

“Имрӯз ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсатӣ шуда, ба вазъи солимиашон дигар хатаре таҳдид намекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Соҳим Абдуллоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин ҳодиса нуқтаи хӯроки умумӣ барои санҷиши вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ баста шудааст.

Змни санҷиш аз чор ошпази қаҳвахона бактерияҳои стафилококк ошкор шудааст, ки тариқи қатраҳои ҳавоӣ аз одам ба одам мегузарад. Ин шахсон аз кор барканор шуданд.

“Дар ҷараёни санҷиш қонушиканиҳои марбут ба аз муоинаи тиббӣ нагузаштани коргарон ошкор шуда, танҳо се нафари онҳо чунин маълумоти зарурӣ доштанд”, – иброз дошт сардори Марказ.

Ӯ илова намуд, ки нисбати раҳбарияти қаҳвахона протокол тартиб дода шуда, ду корманди масъул ба назорати тайёр кардани хӯрок ҳар кадоме ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима шуданд.

Пас аз баргузории ҳамаи корҳои зарурии санитарӣ имрӯз қаҳвахона ба фаъолият оғоз намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...