Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми

Бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотии худ назди ҳозирин иброз дошт, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ […]

Бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотии худ назди ҳозирин иброз дошт, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.

“Ин шаҳодати сатҳи баланди равобити байни ду кишвар буда, дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт”, – гуфт ӯ.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батумӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад.

Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи расмии он ҳамчунин Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.