Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид

Бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳри Исфара чор нафар аз он сироят гирифтаанд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст. Рӯзҳои 2 ва 3 август якбора 22 нафар бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ ба беморхонаи сироятии Исфара муроҷиат карданд. Ҳамаи онҳо дар қаҳвахонаи “Одилон” […]

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳри Исфара чор нафар аз он сироят гирифтаанд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Рӯзҳои 2 ва 3 август якбора 22 нафар бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ ба беморхонаи сироятии Исфара муроҷиат карданд. Ҳамаи онҳо дар қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳр хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдаанд. Ҳашт нафари онҳоро лозим омадааст, ки бистарӣ кунанд.

“Имрӯз ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсатӣ шуда, ба вазъи солимиашон дигар хатаре таҳдид намекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Соҳим Абдуллоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин ҳодиса нуқтаи хӯроки умумӣ барои санҷиши вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ баста шудааст.

Змни санҷиш аз чор ошпази қаҳвахона бактерияҳои стафилококк ошкор шудааст, ки тариқи қатраҳои ҳавоӣ аз одам ба одам мегузарад. Ин шахсон аз кор барканор шуданд.

“Дар ҷараёни санҷиш қонушиканиҳои марбут ба аз муоинаи тиббӣ нагузаштани коргарон ошкор шуда, танҳо се нафари онҳо чунин маълумоти зарурӣ доштанд”, – иброз дошт сардори Марказ.

Ӯ илова намуд, ки нисбати раҳбарияти қаҳвахона протокол тартиб дода шуда, ду корманди масъул ба назорати тайёр кардани хӯрок ҳар кадоме ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима шуданд.

Пас аз баргузории ҳамаи корҳои зарурии санитарӣ имрӯз қаҳвахона ба фаъолият оғоз намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.